РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати фарҳанг таҳти унвони «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия» озмун эълон менамояд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” озмуни ҷумҳуриявиро оид ба тарғиботи зиддикоррупсионӣ таҳти унвони «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия» эълон менамояд. Озмун моҳи декабри соли 2023 ҷамъбаст мегардад.

Ба озмун мақолаҳое роҳ меёбанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2023 дар мавзӯи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд.

Барои

ҷои якум – 7 000 сомонӣ,

ҷои дуюм – 4 000 сомонӣ,

чои сеюм – 2 000 сомонӣ

ҷоиза муқаррар гардида ва фаъолон низ бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Мақолаҳо барои иштирок дар озмун дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то 01.12.2023 қабул карда мешаванд. Пешниҳоди рӯзнома ё маҷалла бо мақолаи нашргардида ҳатмӣ мебошад.

Телефон барои тамос: 221 40 65, 221 03 00,

Почтаи электронӣ: raysati_tnm@mail.ru

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram