Раванди ҷаҳонишавии муосир арзишҳои муҳимтар аз масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро рӯбарӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷилвагар намуда, собит месозад, ки халқу миллатҳои ҷаҳони муосир бо надоштани чунин арзишҳо наметавонанд дар гирдоби он истодагарӣ намоянд. Албатта ин арзишҳо бо арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ бастагӣ дорад. Хушбахтона миллати шарафманди тоҷикро то имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ арзишҳои ғании таърихию фарҳангӣ ва шоҳкориҳои илмии нобиғагону фарҳехтагон ва мутафаккирону фарзонафарзандонаш муаррифӣ намудаанд.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд, ки “Таҳқиқи таърихи тамаддуни ҳар халқу миллат ҳеҷ гоҳ барои эҳсоси ғурур ва ифтихори ноҷо аз гузаштаи худ набуда, он бояд барои нишон додани роҳи тӯлонӣ ва пурпечутоби тайкардаи ниёгони худ, шинохти заминаҳои аслию унсурҳои асосӣ ва муайян намудани хусусияту тамоюлҳои тамаддуни аҳди қадиму асримиёнагӣ равона гардад ва такони таъсирбахше барои рушду инкишофи тамаддуни муосираш бошад”.
Дар воқеъ таърихи асримиёнагии халқи тоҷик натанҳо замони ташаккули халқи тоҷик, балки (асрҳои VIII-XI) айёми “Эҳё”-и дубораи он буда, зарурияти омӯзиши масъалаи мазкур, рӯзторӯз аҳамияти бештарро касб менамояд. Таҳқиқу баррасии ҳамаҷонибаи таърихи давраи “Эҳё”-и тоҷикон метавонад, насли имрӯзро дар пайравӣ аз суннатҳои гузаштагон ҳидоят намуда, пояҳои ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам намояд. Аз ин рӯ арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва омӯхтани рӯзгори чеҳраҳои тобноки улуми ҷаҳон ба монанди Ҷобир ибни Ҳайёну Аҳмади Фағонӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандию Ибни Ҳайсам, Хоразмию Абӯрайҳони Берунӣ ва садҳою бал, ҳазорони дигар аз масоили муҳими омӯзиши мероси илмии ниёкони мо ба шумор меравад.
Замоне, ки худнамоии нобиғагони миллати мо ва осори илмии онҳо аз ҷониби бегонагон ба мушоҳада мерасад, бо сароҳат бояд таъкид, ки Абӯрайҳони Берунӣ дар 14-уми шаҳривари соли 352 шамсӣ (баробар бо 6 сентябри соли 973 мелодӣ) дар маҳалли Коти Хоразм дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Аз падару модар дар айёми тифлӣ бенасиб монда, маълумоти ибтидоиро дар муҳити наздиконаш касб кардааст. Асосҳои илмро бошад дар зодгоҳаш, ки яке аз марказҳои илмии Хоразм буд, назди Абунасри Мансур ибни Арроқ шогирди Абулвафои Бузҷонӣ омӯхтааст.
Ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба омӯхтани дигар забонҳо шурӯъ намуда, аз рӯйи маълумоти овардаи худаш дар баробари забони модарияш – забонҳои хоразмӣ, забонҳои юнонӣ, суриёнӣ, арабӣ, паҳлавӣ ва яҳудии қадимро низ омӯхта, ҳангоми мусофираташ дар Ҳиндустон фарҳанги ҳиндӣ ва забони санскритро низ азбар намудааст. Вале, чуноне, ки қаблан зикр намудем, забони модарии худро дӯст медошт ва ҳангоми пирӣ дар «Китоб-ус-сайдана» овардааст, ки агар пурсанд, ки «…ба кадом забон афзалият бидиҳам, ман ҳатман забони хоразмиро интихоб мекунам». Забони дуюми Берунӣ форсӣ буд, вале бештари асарҳои илмии худро ба забони арабӣ — забони илмии роиҷи ҳамон замон менавишт.
Берунӣ дар айёми ҷавонӣ натанҳо асосҳои илми низоми таълими мадраса, балки асосҳои илми машриқзаминро дар зодгоҳаш – Кот, ки дар он ҷо олимони риштаҳои нуҷум, ситорашиносӣ, риёзиёт, тиб, таърих ва ғ. аз мамолики дуру наздик ҷамъ омада буданд, аз худ намуда, дар синни 17-солагӣ ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки хоссу омм ӯро мешинохтанд. Берунӣ дар синни 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ҳайъат (ситорашиносӣ) пардохта, ҳатто ба кусуфи (гирифти) офтоб даст ёфт ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шурӯъ намуд.
Дастовардҳои илмии Беруниро ба ду давра тақсим намудан, бамаврид аст. Зеро, мазмуну мӯҳтавои осори илмии гаронбаҳои ӯ аз ду давра ва гоҳҳо зери таъсири ду ғоя қарор доштани он ҳикоят мекунанд. Таълифоти замони ҷавонии Берунӣ дар зодгоҳаш ва шаҳри Гургон, ки аз марказҳои илмии замони Зиёриён буд ба даст омаданд, ки сирфан дар асоси донишҳои бунёдии табиатшиносӣ ва донишҳои таърихии ниёкони мо офарида шуда, моломоли худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошанд. Ба ин осори ӯ “Осору-л-боқия ани-л-қуруни-л-холия” ва дигари осори муқаддамотии ӯ шомил мешаванд. Берунӣ аз соли 1017 то охири умр (соли 1048) дар шаҳри Ғазнин зери таъсири сиёсати Ғазнавиён ба сар бурда, дар ин давра осоре таълиф намуд, ки бештар хусусияти илмӣ-соҳавӣ ва бунёдидоштаи “Китоб-ул-ҷамоҳир фӣ маърифати-л-ҷавоҳир” (дар мавриди Минералогия), «Таърихи Хоразм» (дар таърих), «Таҳдиду ниҳоёти-л-амокин ли тасҳеҳи масофати-л-масокин», (Андар муайян кардани ҳадд барои мушаххас кардани масофаи байни маҳалҳои зисти мардум-дар илми Геодезия), “ат-Тафҳим лӣ авоили саноати-т-танҷим” (соли1029) «Қонуни-л-Масъуди фи-л ҳайат ва-н-нуҷум» (дар илми нуҷум)-ро таълиф намуд.
Абӯрайҳон Берунӣ ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ бо баҳрагирӣ аз осори мутафаккирони юнонӣ, суриёнию ибронӣ ва осори гаронмояи Закариёи Розию суҳбатҳои судманд бо Абӯалӣ ибни Синою Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва Абӯсаҳли Масеҳӣ нуктаҳои заъфи улулми фалсафӣ ва нуҷуми юнониро ба миён гузошта, дар ин айём ба ҳисоб кардани дараҷаи хатти тӯли замин ё нисфуннаҳор (меридиан) пардохт ва дар ин кор ӯро аз ҷиҳати молӣ амири Гургон Қобуси Вушмгир дастгирӣ мекард.
Вале, бо забти Хоразм аз ҷониби Ғазнавиён ҳавзаи илмии Хоразм ба Ғазнин оварда шуда, олимони табиатшиноси ин ҳавзаи илмӣ бо сабабҳои мухталиф аз ҷониби рӯҳониёни муттаассиби замон мавриди тӯҳмату бӯҳтон қарор гирифтанд. Ин буд, ки Берунӣ низ 13 ҳангоми соли ҳаёт будани Маҳмуди Ғазнавӣ аз ин иттиҳомот орӣ набуд.
Берунӣ ҳангоми юришҳои ғосибонаи Маҳмуд ба Ҳиндустон ба таъриху фарҳанг ва доираҳои илми Ҳиндустон ошноӣ пайдо намуда, дар соли 1030 асари алоҳидаеро бо номи «Мо ли-л-Ҳинд» («Таҳрир мо ли-л Ҳинд мин мақала мақбула фи-л-ақли-л-марзула»)-ро таълиф кард, ки китоби мазкур дар 80 боб навишта шуда, муаллиф дар боби аввал доир ба ақвоми Ҳинд ва забони онҳо маълумоти муфассал медиҳад. Бобҳои 2-11 масоили таълимоти мазҳабӣ, бобҳои 12-14 масоили адабиёт, забон, ҳунари шеър, бобҳои 15-16 масоили таърихи пайдоиши хат, коғаз, ченакҳои гуногун, бобҳои 17-31 ило охар масоили улуми ҷуғрофиё, устурашиносӣ, кайҳоншиносӣ ва ғайраи ин кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.
Баъди марги Султон Маҳмуди Ғазнавӣ давраи зиндагии нисбатан оромтаре барои Берунӣ фаро расид. Ба ҷойи Маҳмуд писараш Масъуд ба тахти шоҳӣ нишаст, ки нисбат ба илму таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи фавқулода нишон медод ва Беруниро ҳаматарафа дастгирӣ менамуд. Берунӣ бо хотири ӯ асари дигари нуҷумӣ иншо карда, ба номи ӯ «Қонуни Масъудӣ» гузошт. Дар ин давра қабилаҳои дигари кӯчӣ бо номи «салоҷиқа» ба ҳаракат даромада, даъвои ҳукумат карданд ва соли 1040 шоҳ Масъудро ба қатл расонданд. Бо дигар шудани авзоъ Берунӣ аз ҷустуҷӯҳои илмӣ даст накашид ва тавонист, ки асари «Минералогия»-ро ба охир расонад. Берунӣ 10 соли зери таъсири Масъуд қарор доштанаш рисолаҳои «Қонуни Масъудӣ» (донишномаи мукаммале дар илми нуҷум, ҳайат ва риёзиёт), «Таҳдиду ниҳоёти-л-амокин ли тасҳеҳи масофати-л-масокин» (дар бораи ҷуғрофиёи манотиқи ҷаҳон), «Мақолатун фи-н-нусуби-л-латӣ байн ал-филиззот ва-л-ҷавоҳири ва-л-ҳуҷҷун», «Афрод-ул-мақоли фи амрӣ-из-зилол», «Истихроҷ-ул-автори фӣ-д-доира»-ро таълиф намуд, ки аз рисолаҳои дигари маъруфи ӯ ба ҳисоб мераванд.
Баъд аз ин вазъи саломатии Берунӣ бад гардид ва ӯ дар ҳолати беморӣ «Китоб-ус-сайдана» («Китоб дар бораи маводи табобатӣ» — «Фармакогнозия»)-ро ба охир расонд. Китоби мазкур дар бораи гиёҳҳои шифобахш ва тарзу тариқаи истифодаи онҳо дар табобат иншо шудааст. Ҳамзамон дар хусуси хосияти шифобахшии ҳайвонот ва маъданҳо низ маълумот додааст.
Маҷмуан, муҳаққиқони аҳволу осору Берунӣ таълифоти ӯро аз 180 адад бештар мешуморанд. Муаррихи шинохтаи муосири тоҷик Н. Амиршоҳӣ низ ин нуктаро ҷонибдорӣ намуда, изҳор медорад, ки бо таъсири гардиши чархи таърих ҳамагӣ 30 адади онҳо то замони мо омада расидааст.
Олимони соҳаҳои мухталифи илми муосири ҷаҳонӣ бо таҳқиқи осори гаронмояи Берунӣ эътирофи бузургеро қоиланд. Муҳаққиқи фаронсавии таърихи илм Ҷорҷ Сортан дар китоби 5-ҷилдаи “Муқаддимаи таърихи илм”-и худ эътироф менамояд, ки саҳми Берунӣ дар илми риёзиёт (арифметика, алгебра ва ғ.), инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил (ҳисоб кардани қимати адади π (пи) аз тариқи дарозии доира ва диаметри он ва ғ.), илми нуҷум (ситорашиносӣ) -усули мушоҳидаи кусуфи моҳ якбора аз ду нуқтаи замин, сохтани устурлоби мукаммалтар, таълимот дар бораи гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва эҳтимолияти гардиши он дар гирди Офтоб – ба вуҷуд овардани заминаҳои зарурӣ барои назарияи Галилео Галилей ва Коперник дар бораи ҳаракати Замин ва офтобмарказият, кашфиёти зиёди илмӣ дар соҳаи ҷуғрофия — назарияи иқлимҳо, қабатҳои геологӣ (пастиву баландиҳо ва қабатҳои умқҳои замин) ва ғ., маълумоти муфид ва нодир дар бораи минералогия (ҷавоҳирот), маводди доруворӣ (фармакология) ва ғ. хеле бузург аст.
Ҳамин тариқ, ба андешаи муҳаққиқон ва мутафаккирон, Берунӣ бузургтарин олим ва файласуфи табиатшиносии амалӣ (эксперименталӣ, таҷрибавӣ) дар асрҳои миёна ба шумор меравад. Ӯ ба тарзи тафаккуре, ки баъдан дар давраи нави Аврупо ба таври васеъ интишор ёфта, ки дар инкишофи улуми табиатшиносӣ ва технологияи саноатии Аврупо саҳми ҳалкунанда гузошта буд, таъсири боризе расондааст.
Абдулҳомид Найири Нӯрӣ дар китоби худ “Саҳми арзишманди Эрон дар фарҳанги ҷаҳон” хизматҳои Абӯрайҳони Беруниро бесобиқа унвон дода, таъкид медорад, ки корномаҳо ва кашфиётҳои илмии ӯ баъд аз 700 сол дар доираҳои илмии Аврупо муаррифӣ гардид. Зимнан қайд менамояд, ки нахустмоя ё асоси моддии ақсоми кайҳон, ба эътирофи Берунӣ, чор унсур — обу хоку боду оташ мебошад.
Берунӣ бо асосгузорӣ аз илми геодезия 600 мавзеи оламро андозагирӣ карда, аз мавҷудияти қораи дигар (Амрико) пешгӯӣ мекунад. Муҳимтар аз ҳама андозаи Заминро андозагирӣ кард, ки бо андозагирии замони мо 110 км фарқ мекард. Илова бар ин дар мавриди конҳои канданиҳои фоиданоки Қаротегину Бадахшон, Зарафшону Фарғона маълумоти бисёр ҷолиб пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст.
Бо истинод ба сарчашмаҳо ва эътирофи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ, ӯро метавон яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ арзёбӣ намуд. Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд, ки аз ҳанӯз аз ҷониби Абдурраҳмон ибни Халдун баҳои баланд гирифта буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осор-ул-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Усули бархӯрди таърихӣ ва илмӣ-табиӣ ба шайъи таҳқиқ аз усулҳои роиҷи усулшиносӣ (методология)-и илмии Берунӣ мебошад.
Ҷои баҳс нест, ки ҳавзаҳои илмии замони Сомониён се шакли таърихнигориро бавуҷуд оварда ба камол расонд. Агар сароғоз ва поягузори таърихнигории “солноманигорӣ” Муҳаммад Ҷарири Табарӣ бо таълифи “Таъриху русули ва-л-мулук” ва поягузори “фалсафаи таърих” Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммади Мискавейҳ (932 – 1030) бо таълифи«Таҷорибу-л-умам ва авоқибу-л-ҳимам» бошад, пас, бешак бунёдгузорӣ “хронологияи таърихӣ” Абӯрайҳони Берунӣ ба ҳисоб меравад. Берунӣ бо таълифи «Осору-л-боқия ани-л-қуруну-л-ҳолия»-и худ таърихи юнониҳо, арабҳо, суриёниҳо, ибриёну колдониён ва ориёиҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳодисаҳои таърихие, ки то ин замон ягон намуд санагузории амиқ надоштанд, санагузорӣ намуд ва худи Берунӣ дар ин маврид изҳор менамояд, ки “мо дар ин роҳ тарафдорӣ аз касе накардаем ва беғаразона фикрронӣ намудаем”. Яъне, дар санагузории таърих принсипи “беғаразӣ” ва “таърихият”-риоя ва пайгирӣ менамояд.
Аз мазмуну мӯҳтавои «Осору-л-боқия» китоби дар сини 27- солагӣ, яъне соли 1000-ум таълиф намудаи Берунӣ маълум мегардад, ки муаллифи он аз истеъдоду малакаи беназир ва маълумоти зиёди таърихӣ бархурдор буда, ҳатто асарро дар асоси назари хос – методологияи ба худ ошно иншо кардааст.
Берунӣ дар муқаддимаи китоб сабаби таълифи асари худро чунин баён кардааст: -“Яке аз адибон аз таърихе, ки ҳар милал истеъмол мекунанд ва ихтилофотеро, ки дар усулу пайдоиши он ҳаст ва қисмҳое, ки моҳҳои солиён аст ва сабабҳое, ки боиси ихтилоф шуда ва ҷашнҳои бузург ва рӯзҳои машҳур, ки ҳар якеро гурӯҳе аз умматҳо ба кор мебаранд аз ман пурсид. Ва хоҳиш кард, ки ин масъалаҳоро бо баёни возеҳе, ки қобили фаҳм бошад барои ӯ шарҳ диҳам, ки ӯро аз хондани китобҳои гуногун ва пурсиш аз якояи аҳли ин навиштаҷот бениёз кунад.”
Баъд аз шунидани чунин пешниҳод дар андешаи Берунӣ таълифи чунин китобе бузург ба монанди «Осору-л-боқия» буруз кард, ки ин марҳиларо чунин шарҳ медиҳад: “Дидам, ки анҷом додани ин хоҳиш кори бисёр душвору сахт аст ва бад-ин зудиҳо намешавад бад-он дастрасӣ ёфт…бо дастгирии амири саид Шамсулмаолӣ дар фориғболӣ барои ҷустуҷӯи ин маъхаз ва сарфи кӯшиш дар анҷоми ин таклиф ба андозае, ки илми ман аз он чӣ шунида ва ё дидаам, бирасад кӯмак хостам”. Пас, маълум мегардад, ки Берунӣ «Осору-л-боқия»-ро бо кӯмакӣ Шамсулмаолии Қобус амирии зиёрии Гургон таҳия намуда, ба ӯ бахшида аст.
Чуноне, ки қаблан зикр намудем, Абӯрайҳон Берунӣ дар таълифи «Осору-л-боқия» аз усулҳои махсуси таҳқиқотӣ истифода намуда, назари хоси худро нисбати баррасию баҳодиҳии таърихи милалу мазоҳиб ба хотири беғаразию таърихият чунин шарҳ медиҳад: “…фикри худро аз омилҳои зиёноваре, ки бад-он одат шуда, аз қабилӣ ғалабаи таассуб ва ҳавобаландию риёсатталабӣ, ки сабаби ҳалоки бисёре аз мардум аст ва монеи дидори ҳаққу ҳақиқат аст, пок сохтем. Ва ин равиш беҳтарин роҳест, ки моро ба ҳақиқати мақсуд мерасонад ва нерӯмандтарин ёрест, ки шубҳа ва дудилагиро аз мо дур месозад”.
Маҳз бо пайгирии чунин шакли таҳқиқ ва баёни матлаб бо истифода аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ Берунӣ муҳимтарин масъалаҳои баҳсбарангези замони худ (замони “лашкаркашиҳои ҷиҳодӣ”-и Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон) буд, бетарсу ҳарос, бо дилпурӣ аз шахсияту ҳайсияти Зардушт дифоъ намуда, аз тӯҳмату буҳтоне, ки олимони мутаассиби ислом ба зардуштия мезаданд дифоъ намудааст. Масалан, Берунӣ нисбати ин масъала зикр менамояд, ки “Зардушт дар илму дониш пояи баланде дошт, ки илми моҳгирӣ назди дониши ӯ ночиз буда, дар бораи никоҳи маҳориме, ки ба зардуштиён нисбат медиҳанд аз сапаҳбад Марзбон ибни Рустам шунидам, ки Зардушт ин амалро ҷорӣ накардааст”.
Аз омӯзиши «Осору-л-боқия» равиши ҳақиқатнигории Берунӣ ошкор гардида, ин ҳақиқатнигориро то ҳадде инкишоф додааст, ки бо чунин иттиҳом ҳолатҳои аз байн бурдани Монию Маздак ва саркуб намудани таълимоти онҳоро аз ҷониби дини расмӣ-давлатии замони Сосониён – Зардуштия низ холисона баррасӣ намудааст.
Ҷои дигар Берунӣ қайд менамояд, ки таърих ва замон аз мафҳумҳои асосии солшуморӣ мебошанд. Таърих оғози мантиқии солшумориро меноманд. Бо қавли Берунӣ «Таърих вақте оғоз мегардад, ки андар замона ҳодисаи машҳур падид ояд, ё чизе будааст, ки хабараш андар уммате бар умматон пайдо шавад ва бигустурдад, чун дине ё пешае нав шудан ва ё давлати наве пайдо шудан ва ё ҳарбе бузург, ё туфоне ҳалокаткунанда ва монанди он. Чунон, ки он вақт замонро оғоз ниҳанд на ба ҳақиқат ва табъ. Ва аз ӯ солу моҳу рӯз ҳамешуморанд, то ба ҳар вақте ки хоҳанд».
Хулоса, имрӯз дар доираи як мақола наметавон тамоми паҳлӯҳои ҳаёти шахсӣ ва осори илмии Беруниро ба риштаи тасвир кашид. Барои анҷоми ин рисолат бояд таҳқиқотҳои алоҳида ва рисолаҳои зиёди илмӣ сурат гирад. Танҳо ба хотири саҳми беназири Берунӣ дар омӯзши таъриху фарҳанг, мазоҳиб, гоҳшуморию солшуморӣ ва тақвимшиносии ақвоми мутамаддини ҷаҳон ба овардани мундариҷаи «Осору-л-боқия» иктифо менамоем, то хонанда бидонад ва бипазирад, ки як нафар донишманди қурунивустоии ҷавони тоҷик дар 27-солагии хеш қодир ба омӯзишу баррасии кадом масъалаҳо будааст.
Мундариҷаи «Осору-л-боқия»-ро масъалаи баҳси олимони машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, назари пурихтилофи халқҳои гуногун нисбат ба воқеаҳои бузурги таърихӣ, воқеаҳои ғайри оддии табиқ, пайдоиши кешу динҳо, шаклҳои тақвими яҳудиён, тоҷикон, қибтиён, римиҳо ва арабҳоро дар бар мегирад. «Осору-л-боқия» аз маҷмӯи мукаммалтарин осори илмии таҳқиқотӣ-таърихии замони Берунӣ маҳсуб мегардад, ки дар он доир ба Сабеиён, Ҳаррониён, Калдониён, Пешдодиён, Сосониён, Искандари Зулқарнайн, Монӣ, Зардушт, Ибни Муқаннаъ, муборизаҳои намояндогони дину мазҳабҳои гуногун маълумоти пурқимат мавҷуд аст. «Осору-л-боқия» аз 21 фасл иборат буда, муҳимтарин масъалаҳои таърихӣ, фалсафӣ, нуҷумӣ, гоҳшуморӣ, солшуморӣ, тақвимшиносӣ, антропологӣ маросимшиносиро аз қабилӣ;
1. Дар ҳақиқати шаб ва рӯз ва маҷмӯи он ва оғози ҳар яки онҳо.
2. Дар мабдаи сол ва моҳ.
3. Дар ҳақиқати таърих ва ихтилофи умматҳо дар он.
4. Дар ҳақиқати Зулқарнайн.
5. Дар чигунагии моҳҳо, ки дар солҳои аввал истеъмол шуданд.
6. Чигунагии таърих ва ихтилофоти он.
7. Дар «адвору тақуфот» ва мелоди солҳои яҳудон ва дигар солҳо.
8. Дар таърихҳои касоне, ки пайғамбариро ба худ бастанд ва умматҳое, ки фиреби эшонро хӯрданд.
9. Дар иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст.
10. Дар идҳои моҳҳои суғдиён.
11. Дар идҳое, ки дар моҳҳои аҳли Хоразм аст.
12. Дар мазҳаби Хоразмшоҳиёну идҳои аҳли Хоразм.
13. Дар рӯзҳое, ки дар моҳи румиён аст.
14. Дар моҳҳои яҳудон ва корҳое, ки бояд дар он анҷом ёбад.
15. Дар амалҳое, ки насорои маликоӣ дар моҳҳои суриён ба кор мебаранд.
16. Рӯза ва идҳои тарсоён, ки мавриди қабули ҳамаи эшон аст.
17. Идҳои насорои настурӣ ва зукроиҳою рӯзаҳои эшон.
18. Идҳои маҷусиёни қадим ва иду рӯзаҳои собиён.
19. Рӯзаҳои маъруфи арабҳои давраи ҷоҳилият.
20. Рӯзҳое, ки мусалмонон ба кор мебаранд.
21. Манзилҳои моҳ, тулӯъу ғуруб ва сурати онҳоро, дар бар мегирад.
Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич – номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон