Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба мавзӯи “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040: афзалиятҳо ва натиҷаҳои ноилшаванда” баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки 30 июни соли равон қабул гардидааст, муаррифӣ шуда, ҳамзамон аҳамияти Стратегия ва тарзу шеваҳои татбиқи он баррасӣ шуд.
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ зимни муарифии Стратегияи мазкур изҳор дошт, ки бо максади ба танзим дарованди раванди мухочират дар ҶТ Ҳукумати кишвар Сратегияи мазкурро қабул намуд, ки он тамоми самтҳои муҷочирати дохилию хориҷиро фаро гирифтааст.
Дар чорабинӣ намояндагони тамоми сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 икдомоти муҳимми иктисодию ичтимоӣ барои Точикистон ба шумор рафта, барои иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти муҳоҷират, бо ба инобат гирифтани шароити имрӯзаи муҳоҷират, тамоюлҳои мусбии устувор, рушди алтернативӣ, дурнамо ва сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст.
Страгеияи мазкур дар шаш марҳила ва бори аввал дар доираи як Стратегия танзими раванди тамоми намудаҳои муҳоҷирати аҳолӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати хориҷӣ, муҳоҷирати дохилӣ, муҳоҷирати эгологӣ, гуразегон ва паноҳандагон) амалӣ карда мешавад.
Гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти муҳоҷирати аҳолӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани механизми бақайдгирии электронии раванди муҳоҷират дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо ҷалби мақомоти Ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, такмили низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсис додани Фонди иҷтимоии дастгирии муҳоҷирони мехнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, интишор намудани натиҷаи мониториинг ва арзёбии Стратегия ва ғайраҳо аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимме ҳастанд, ки бояд дар доираи ин Стратегия амалӣ шаванд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки тақвият бахшидани раванди сафарбар кардани муҷочирони меҳнатӣ ба кишварҳои гуногуни олам ва яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад. Айни ҳол дар доираи шартномаҳои дуҷониба ба 8 давлат, монанди Русия, Қазоқистон, Япония, Британия Кабир, Арабистони Саудӣ, Кувайт, муҳоҷирони меҳнатӣ сафарбар мегарданд.
Ҳамин тавр, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 максад ва вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо, самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.