РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гулистон. Дар масоҳати 2 гектар фабрикаи мурғпарварӣ бунёд мешавад

20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфтааст, шинос гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон бунёди фабрикаи мурғпарварии ҶДММ «Паррандаи заррин» идома дорад, ки он дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар марҳилаи аввал ду адад иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст. Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд сехи истеҳсоли равғанро ба истифода диҳанд. Рохбари вилоят зимни шиносоӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои бинокорӣ ободониву кабудизоркунии муҳити атроф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон Раиси вилоят бо лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсол ва таъмири трансфарматор шинос гардид. Итттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур дар масоҳати 0,45 га қомат афрохта, асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқи машғул хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа бинои маъмурӣ ва сехи истеҳсолӣ бунёд гардида, баробари фаъол гаштани он то 10 нафар шахрвандон бо ҷои доимии корӣ таъмин карда мешавад.

Сипас, дар маркази шаҳри Гулистон роҳбари вилоят бо ҷараёни таҷдиду навсозии бинои истиқоматӣ аз наздик шинос гардид. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар умум дорои 20 хонаи зист мебошад. Ин иншоот аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ба навсозӣ фаро гирифта шуда, хонаҳои он дорои як ва ду ҳуҷра мебошад. Хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хизмати давлатӣ, ки ниёз ба манзили зист доранд, тақдим карда мешавад. Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ аз ҷараёни он изҳори қаноатмандӣ намуда, барои истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ ба масъулин дастурур супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дастгирии кадрҳои ҷавон ва мутахассисон аз самтҳои калидии сиёсати кунунии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, марҳила ба марҳила дар минтақаҳо ин табақаи кормандон, ки бахри пешрафти Ватани маҳбуби хеш кору фаъолият менамоянд, дастгирӣ карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram