Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали 16-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар фестивали мазкур роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва аҳли илм ва фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки фестивали «Боми ҷаҳон» дар муаррифии фарҳанги давлатҳо мусоидат менамояд. Фарҳанг метавонад тамоми мардумони ҷаҳонро бо ҳам муттаҳид намояд.
Ҳамасола дар мавсими тобистон, ки воридшавии сайёҳон ба шаҳри Хоруғ зиёд ба мушоҳида мерасад, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони вилоят имконияти хуб фароҳам меорад.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд рӯз дар шаҳри Хоруғ чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор шуда, маркази маъмурии вилоят мизбони чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар ҳудуди шаҳри Хоруғ муаррифи фарҳанги бою ғании сокинони Боми ҷаҳон ба ҷаҳонгардон буда, заминаи хубе баҳри нишон додани анъанаҳои миллат маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки фестивали фарҳангӣ бо ворид гардидани ҳунармандони давлатҳои чаҳон ба майдони санъат оғоз ва то шомгоҳон идома ёфт.
Фестивали «Боми ҷаҳон» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ тайи чанд рӯз идома меёбад.