РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“БИШНАВ АЗ НАЙ…”. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ доир гардид

Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва бо ташаббуси Шӯрои бонувони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Бишнав аз най…” баргузор гардид. Дар кори маҳфил роҳбарият ва кормандони илмии Осорхона иштирок намуданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар ифтитоҳи расмии маҳфили фарҳангӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” муҳтарам Иброҳимзода Зафаршо Сафо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “Саҳми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад, аз ин рӯ, месазад, ки ба ифтихори ин нобиғаи миллати тоҷик чунин чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дар сатҳи баланди эҷодӣ ташкил ва баргузор карда шавад”.

Дар идомаи маҳфил аз ҷониби корманди илмии Осорхонаи миллӣ барномаҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ аз қабили, қироати ашъори безаволи Мавлоно, замзамаи сурудҳо аз ашъори мондагори Мавлоно, саҳнаҳо аз ҳаёт ва рӯзгори Мавлоно, ҳамзамон, маърӯзаи илмӣ дар мавзуи “Нусхаҳои дастнависи Маснавии Маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” иҷро гардид.

Бояд зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории маҳфили мазкур пеш аз ҳама ҳифзу муаррифии осори безаволи Мавлоно ва арҷгузорӣ ба шахсияти ин нобиғаи миллати тоҷик мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram