25 июли соли 2023 консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва аморатҳои шимолӣ Диловар Баҳромзода бо роҳбари Дафтари Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай, Шайх Мактум бин Буттӣ Оли Мактум вохурӣ анҷом дода, патенти консулиро дар бораи оғози фаъолият тақдим намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба роҳҳои таҳкиму тавсеаи мушорикат дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илму фарҳанг табодули афкор намуданд.