РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Чин ҳамкориҳоро дар соҳаи илму маориф тақвият медиҳанд

26 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Сзи Шумин баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд карда истодааст.

Дар навбати худ Сзи Шумин қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.

Гуфта шуд, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Созишномаи байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (1 феврали соли 2002), Протоколи иловагӣ ба Созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф (15 январи соли 2007) ба роҳ монда шудааст.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯзиши забони чинӣ, омӯзиши фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram