27 июли соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2023» баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ Раиси ноҳия Муқим Муродзода дар якҷоягӣ бо аъзои ҳакамон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Дар Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2023″тибқи Низомнома аз рӯи 12 номгӯи бахшҳо ҳунарҳои миллӣ, анъанаҳои миллии ниёгон, либосҳои миллӣ ва ҳаваскорони санъат намоиш дода шуданд.
Мақсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 32- соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳм гузоранд.
Дар ҷамъбасти Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2033» аз ҷониби комиссияи тадорукоти озмун ва намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол тибқи номинатсияҳо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣсупорида шуданд.