27 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Муҳаммад Саид Муҳамад Ал-Ариқиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар ибтидо Ал-Ариқӣ даъвтаномаи расмии Президенти АМА Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳёнро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти 28-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28), ки аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Дубай баргузор хоҳад шуд, тақдим намуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвари дӯстро дар ҳамаи арсаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.