Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ хеле зиёданд, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ муаррификунандаи таъриху фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Яке аз ин ёдгориҳои таърихию бостонӣ, ки дар қисмати ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ҷойгир аст, Тахти Сангин ба ҳисоб меравад. Тахти Сангин дар қисмати шарқии Қубодиён дар пушти қаторкўҳи Тешиктош, дар соҳили рости рўди Омў қомат афрохтааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст, бинобар ин, олимон онро Тахти Сангин номиданд ва азбаски ёдгории мазкур монандӣ ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) — пойтахти империяи Ҳахоманишиён дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд.
Девораҳо, сутун, зерсутун, роҳравҳо қариб ҳама аз санг сохта шудааст. Ҳунармандони маҳаллӣ бо як санъати баланд аз санг сутун ва зерсутунҳоро тарошидаанд, ки дар ҷаҳони имрўза ин амал беназир буда, сохту коркарди он тариқи дастгоҳҳои замонавии техникӣ иҷро мегардад.
Тахти Сангин аз зумраи ёдгориҳои пурарзиши аҷдодон аст, ки аз ҳар як вайронаи девораҳояш садои таърихи дури миллати тоҷик меояд. Ба назар чунин менамояд, ки табиати сеҳргар ин ҷоро маҳз барои шаҳри қадима офаридааст, ки аз ҳунари баланди меъмориву шаҳрсозии қадимаи мардуми ин мавзеъ дарак дода, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуда, муаррифгари таърихи як гӯшаи қадимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тахти Сангин мавзеи таърихиест, ки маъбад ва ё шаҳрак унвон гирифта, ба асрҳои IV–пеш аз милод–II милодӣ тааллуқ дорад.
Дафинаи Амударё ва маъбади Тахти Сангин муҳаққиқони ҷаҳониро аз соли 1877 то ба имрўз ба худ ҷалб намудааст. О. Далтон нахустин муҳаққиқ буд, ки дар бораи Хазинаи Амударё ва маъбади Тахти Сангин ва ба унвони «Ганҷинаи Амударё» соли 1905 рисолаи алоҳида навишта, ба ёдгориҳои ин мавзеъ баҳои баланд додааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Тахти Сангин дар яке аз мавзеҳои зебоманзари ноҳияи Қубодиён, ки шохоби се дарё Вахш, Аму ва Панҷ бо ҳам як мешавад, ҷойгир аст. Аз ин мавзеъ роҳи Бузурги Абрешим мегузашт.
Дар нимаи дуюми асри XIX бозоргонони бухороӣ аз мавзеъ гузашта, бозёфтҳои Тахти Сангинро аз мардуми маҳаллӣ харидорӣ намуда, ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурўш бурданд, ки пасон аз ҷониби англисҳо харидорӣ шуда, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа шуд. Ин ёдгориҳо диққати олимони ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, дар натиҷаи омўзишҳо муайян намуданд, ки ватани аслии ин ёдгориҳо ноҳияи Қубодиёни Ҷумҳурии Товикистон маъруф бо номи «Хазинаи Амударё» аст…
Оид ба арзиши бузурги таърихии Тахти Сангин олимони варзидаи ҷумҳурӣ Музаффар Азизов ва Ҷонибеки Асрориён чунин навиштаанд: «То ифшои рози ин ёдгории беназир шоҳигарии Бохтари куҳан барои олимон афсонаи ширинеро мемонд ва онҳо бовар намекарданд, ки мардуми бохтарӣ ба эводи тамаддуни бесобиқа қодиранд. Ҳарчанд соли 1964 бостоншиносони фаронсавӣ Д. Шлюберже дар соҳили чапи рўди Ому, 40 км ҷануби шаҳраки Фархори Афғонистон ёдгориеро бо номи Ойхонум кушода буд, ки нишонаҳои даврони бохтариро дошт, вале дар маҷмўъ, ба маданияти юнонӣ тааллуқ дошта, мансуби қарнҳои чаҳоруми пеш аз милодӣ буд. Дар кашфи розҳои бохтариён донишмандон музтар мемонданд, зеро навиштаҳои таърихнигорон ба воқеият мувофиқат намекарданд. Ҳатто таърихшинос доктори илми таърих, профессор Ричард Фрайи амрикоӣ осори солноманигоронро дар мавриди «Бохтари ҳазоршаҳр муболиға мешуморид, то замоне ки дарёфти «Хазинаи Амударё» бостоншиносонро мутаваҷҷеҳи таърихи Қубодиён кард».
Бо таваҷҷуҳи хосса ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтақаҳои таърихии Тоҷикистон дар феҳристи ёдгориҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуданд. Аз ҷумла, шаҳраки Тахти Сангин ба номгўи феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ соли 2011 ворид шуд.
Зимни љаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41С/15 Конфронси генералӣ, номинатсияи Тоҷикистон оид ба ба 2500 – солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022 – 2023 ворид гардид, ки ин гувоҳӣ аз таърихи қадима доштани Тахти Сангин ва ҳамин тавр, тамаддуни халқи тоҷик аст ва боиси ифтихори мо мебошад.
Саидҷон ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,
омўзгори факултети таърих ва ҳуқуқи
ДДОТ ба номи С.Айнӣ