РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ашт. Даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор шуд

Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» аз рӯи 12 бахш баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Ашт хабар доданд.

Дар Фестивал озмуни мазкур муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, директор Олимҷон Юсупов, Набӣ Ҷуразода, Қобилҷон Қомилзода, Назира Ҳамдамова, Қурбонова Моҳиниссо иштирок намуда, аз бахшҳо дидан намуда, дар умум 105 хол сазовор донистанд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал озмуни ҷумҳуриявӣ телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, чалби ҳарчи бештари мардум бо фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани ансанблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба бехтарин бахшу иштирокчии Фестивал озмун Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram