Ин монография барои муаррихон, кишваршиносон ва онҳое, ки ба таърихи ин минтақи таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод шудааст. Дар он ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии навоҳии водии Рашт дар асоси маводи бойгониҳои минтақа ва Бойгонии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Тавре дар муқаддимаи мононграфия омадааст: “Омўзиши таърихи манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он аҳаммияти бузурги илмиро дорост. Аз тарафи дигар, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи Тоҷикистони муосир, омўзиши минтақа ва навоҳии алоҳидаи он хеле муҳимму саривақтӣ буда, аҳаммияти таърихӣ-кишваршиносӣ дорад”.
Муҳтавои монография аз таҳқиқи илмии равандҳо ва падидаҳои мусбию манфии ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ, омўзиши фаъолияти истеҳсолӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияҳои водии Рашт иборат мебошад.
Инчунин, моҳияти баррасии мавзуъ дар он аст, ки имкон дорад сабабҳои пастравии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва бахусус водии Рашт дар охири асри XX-аввали асри XXI муайян карда шаванд.