РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Япония оид ба “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” созишнома ба имзо расониданд

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини парламентии вазири корҳои хориҷии Япония Ёшикава Юмиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи дуҷониба, инчунин ҳамкориҳои муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардиданд.

Пас аз мулоқот маросими имзои созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония роҷеъ ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” баргузор шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram