1-4 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ, ки тибқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳадӣ аз соли 1996 ва Созишнома дар бораи ба таври муштарак ихтисор намудани қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 таъсис дода шудааст, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Ҷонибҳо дар заминаи ҳусни тафоҳум омодагиро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар навоҳии сарҳадӣ иброз намуданд.
Ҳамчунин, як рӯз пеш аз ҷаласаи 44-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Тарафи муштарак доир шуд.
Аз натиҷаи ҷаласаҳо протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи муштараки назоратӣ тибқи мувофиқаи ҷонибҳо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.