Бо мақсади рӯйнамоии осори пурғановати нобиғаи назми классику форсу тоҷик, арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутаффакири барҷаста Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа, эҳтиром ба саҳми шоёни Мавлоно дар рушди адабиёти классикии тоҷику форс дар шаҳри Кӯлоб озмуни шаҳрии “Маснавихонӣ” баргузор мегардад. Дар ин бора аз бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Тибқи ин қарори раиси шаҳр, озмун аз рӯйи як номина – “Қироат ва шарҳ додани ҳикояҳои манзум ва байтҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” баргузор гардида, иштирокчиён ба чаҳор гурӯҳ ҷудо карда мешавад;
- Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидои касбӣ (синфҳои 9-11) ;
2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр);
3. Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷуён, номзадони илм ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои докторантони илм ва омӯзгорони илм, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти ҳамаи зинаҳои таҳсилот);
4. Калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун
Даври якуми озмун, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гуруҳи якум санаи 15 август, гуруҳи дуюм санаи 16 август, гуруҳи сеюм 17-уми август ва гуруҳи чорум санаи 18 августи соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим баргузор мегардад.
Даври дуюм нимаи якуми моҳи сентябр дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо иштироки ғолибони ҷойҳои якуми шаҳру ноҳияҳо ва даври сеюм – даври ниҳоии озмун ҳафтаи охири моҳи сентябри соли ҷорӣ барои ғолибони ҷойҳои якуму дуюм аз вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.
Барои қадрдонӣ намудани ғолибони даври шаҳрии озмуни “Маснавихонӣ” 12 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.