15 августи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба (бо қароргоҳ дар Остона) Оскар Сантана Леонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои раванди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба нишасти роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Гуруҳи 77+ Чин дар Куба мубодилаи афкор намуданд.