РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Эмомалӣ Раҳмон: «Роғун» — нур, ободӣ ва зиндагӣ аст

Замон ва ҳодисаву рӯйдодҳо сабаб мешаванд, ки дар таърихи миллатҳо шахсиятҳое ба вуҷуд оянд ва дар роҳи давлатдорӣ ва миллатдорӣ корҳои бузург ва беназирро анҷом диҳанд. Яке аз корномаҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷовидона сабт шудааст.  Он ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром мешавад ва имрӯзиёну ояндагон бо сарфарозӣ аз ин дастоварди беназир ифтихор мекунанд.

Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегӣ — истиқлоли энергетикӣ дар мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои гузашта тадбирҳо андешида шуданд, аз ҷумла, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд, ки яке аз онҳо — Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 ноябри соли 2016 ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» санги асос гузошта, ҳамзамон таъкид дошта буданд: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”. Воқеан, мардуми Тоҷикистон аз бунёди ба таъбири Пешвои миллат “иншооти аср” умедҳои зиёд доранд. Сохтан ва пурра ба истифода додани онро чун ормони миллӣ дар замири худ ҷой доданд ва имрӯз фарзандони шарафманди тоҷик дар ин арсаи нангу номус бо ҳисси баланди ватандӯстиву давлатдорӣ заҳмат кашида истодаанд. Ҳар пиру барнои Тоҷикистон даст ба дуо аст, ки сохтмони ин кохи нур ҳарчӣ зудтар ба анҷом расад ва ормонҳои миллиашон ҷомаи амал пӯшад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун» таъкид карда буданд: “Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва оядани дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ–истиқлоли энергетикӣ ба ҳисоб меравад”.

Дар ҳақиқат, «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи рӯди Вахш маҳсуб меёбад, ки бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бо сарбанди баландии 335 метр дар ҷаҳон баландтарин хоҳад буд.

Қобили қайд аст, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор мекунанд, то имрӯз, аллакай, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.

Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии Неругоҳи барқи обии “Роғун”дар зарфи солҳои 2008 – 2022, яъне аз оғози корҳои барқарорсозиву сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Танҳо соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад, дар маҷмӯъ, 4 миллиард сомонӣ равона намуд.

Дар бунёди сарбанд, ки яке аз иншооти муҳимми неругоҳ мебошад, то имрӯз аз ҷониби Ширкати «Вибилд»-и Итолиё аз 80 миллион метри мукааби пешбинишуда дар қисматҳои болову поёни сарбанди асосӣ 19 миллион метри мукааб сангу шағал ё 24 фоиз рехта ва шибба карда шудааст.

Тибқи лоиҳа танҳо дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан ва мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо иҷро гардида, корҳои заминӣ дар ҳаҷми беш аз 2,7 миллион метри мукааб ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин, то имрӯз ба таҳкурсии ядрои сарбанд аз 268 ҳазор метри мукааби пешбинишуда 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва шиббашаванда ё 90 фоиз рехта шудааст.

Ҳамзамон, бо ин, дар таҳкурсии ядрои сарбанд барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда аз 3014 чоҳи пешбинишуда 2615 чоҳ ё 87 фоиз пармакорӣ ва сементатсия гардидааст.

Айни ҳол боназардошти афзоиши талабот ба неруи барқ дар минтақа бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун” ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ лоиҳаи бисёр ҳам муҳим ва манфиатбахш аст. Он ғайр аз лоиҳаи иқтисодӣ-энергетикӣ будан, ҳамчунин, ба яке аз ормонҳои миллати тоҷик табдил ёфтааст. Ба ҳамин хотир аз рӯзҳои аввал бо мақсади суръат бахшидан ба сохтмони иншоот илова ба маблағҳои буҷетӣ мардуми Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон, инчунин ҳамватанони бурунмарзиамон тавассути харидории саҳмияҳои неругоҳ ҳиссаи арзишманди худро гузоштанд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» манбаи неруи барқи ниҳоят зарурии арзон, барқароршаванда ва боэътимод барои мардуми Тоҷикистон буда, неруи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳи мазкур на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи сокинон ва корхонаҳои ҷумҳуриамонро мебарорад, балки имкон медиҳад, ки як қисми неруи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шуда, бо ин васила рушди устувори иқтисодиёти кишвар таъмин гардад.

Мавриди ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои дар муҳлатҳои тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ ва ба истифода супоридани агрегатҳои навбатӣ вазорату кумитаҳо, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор карданд, ки ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ оид ба фаъолияти бунёдкорони ин иншооти бузурги аср корҳоро дар  Неругоҳи барқи обии «Роғун» густариш диҳанд.

Дар маҷмуъ, бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои Тоҷикистон ва минтақа хеле муҳим ва дорои аҳаммияти бузург аст ва ба ҳамин хотир ҳар як фарди Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст, ки дар бунёди ин иншооти аср саҳм гузорад. Хулоса, фардои дурахшони мо, тоҷикон, аз бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» вобаста аст, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сотхмонӣ дар неругоҳ таъкид карданд, ки ““Роғун” — нур, ободӣ ва зиндагӣ аст”.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram