23 августи соли 2023 дар шаҳри Ванкувери Канада маросими кушодашавии “Ҳафтумин Ассамблея ва вохӯриҳои ба он алоқаманди Фонди глобалии экологӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Қоибили қайд аст, ки Ассамблеяи Фонди глобалии экологӣ дар чор сол як маротиба баргузор гардида, яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Ассамблеяи мазкур оғози фаъолияти Фонди глобалии чаҳорчӯби биогуногунӣ (GBFF) мебошад, ки барои сармоягузории соҳаи экологияи кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат хоҳад намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи Ассамблеяи 7-уми Фонди глобалии экологӣ вохӯриҳои раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.