РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд

25 август дар толори Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонони олимақом гардонида шуд.

Сарони давлатҳо баъди тамошо ба ҳунари волои ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Чорабинии фарҳангиро ба ифтихори Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо сухани муқаддимавӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Роҳбари Маъмурияти Ҷумҳурии Қазоқистон ифтитоҳ намуда, аз номи ходимони фарҳанг, санъат ва аҳли адаб Сарони давлатҳоро хайрамақдам гуфтанд.

Ба Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои дастгирии ҳамаҷониба дар ташкил ва баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ изҳори миннатдории амиқ карда шуд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Қазоқистон — Остона, Алмаато ва Чимкент — ин аввалин иқдоми густурдаи фарҳангию башардӯстона дар ин сатҳ дар солҳои истиқлолияти давлатии кишварҳо мебошад, ки бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Роҳбарони ду мамлакати  бо ҳам дӯст баргузор мегардад.

Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи давлатҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қазоқистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 24 то 29 август дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкент барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор мешаванд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду давлат баргузор шуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг ба ғанӣ гардидани маънавиёти ду халқ ва густариши робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни мардумони бародари тоҷику қазоқ мусоидат мекунанд.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии халҳои ду мамлакат буд.

Барномаи консертии устодони санъати тоҷик аз ҷониби меҳмонон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон бо хушнудии комил пазируфта шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram