Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «НБО-и «Роғун» ва шинохти шахсияти Пешвои миллат дар бунёди он» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни ифтитоҳи ҳамоиши мазкур аз иқдомҳои назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сохта ба истифода додани НБО-и «Роғун» ёдовар шуда, таъкид дошт, ки бунёдгузори ин кохи муҳташами нур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгирона ва хастанопазири ин абармарди арсаи таъриху тамаддун бунёди НБО-и “Роғун” рӯйи даст омад ва имрӯз ҳазорон нафар сохтмончиён, муҳандисон ва дигар мутахассисон дар ин майдони нангу номуси миллӣ ба таври шабонарӯзӣ кору фаъолият мекунанд.
Зимнан таъкид шуд, ки НБО-и “Роғун” на танҳо аҳаммияти муҳимми энергетикӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, балки аҳаммияти сиёсии он низ қобили мулоҳиза ва зикри хос аст. Пас аз бунёди НБО-и “Роғун” Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои иқтидори бузурги энергетикӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳад шуд. Вобаста ба ин робитаҳои хориҷӣ низ дар сатҳи нав хоҳад баромад ва бо нигоҳи тоза тадриҷан таҳким хоҳад ёфт.
Дар идомаи конференсия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳисайн дар мавзӯи “Нақши НБО-и “Роғун” дар рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, декани факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ Иброҳимзода Илҳомиддин дар мавзӯи “Нақши НБО-и “Роғун” дар амалигардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат”, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Сафарализода Хуҷамурод дар мавзӯи “Нақши НБО- и “Роғун” дар боло бурдани имиҷи давлат дар арсаи байналмилалӣ” ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодиров Некрӯз дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сохтмони НБО-и “Роғун”” суханронӣ намуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо олимону муҳаққиқон ҷанбаҳои муҳимми бунёди НБО-и “Роғун”-ро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид доштанд, ки НБО-и “Роғун”, инчунин, дар таҳкими бовари мардум ба фардои дурахшони Тоҷикистон ва ҳамбастагии миллат нақши муҳим мебозад.