РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва истеҳсоли оҳак дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд.   

Корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани қисматҳои гуногуни иншоот ва хишти сабук (газоблок) роҳандозӣ мегардад.

Тибқи лоиҳа, иншооти мазкур дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, 8 гектари он барои сохтмони худи коргоҳ ва 2 гектари дигар барои анбори нигоҳдории ашёи хом пешбинӣ гардидааст.

Корхонаҳои  истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак дар шаҳри Душанбе дар асоси технологияи пешқадами ҷаҳонӣ бунёд ёфта, ба хотири ҳифзи табиат ва камтаъсир будан ба  муҳити зист тамоми меъёрҳои экологӣ ба инобат гирифта шудааст.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки пас аз бунёд гардидани корхонаҳо онҳо иқтидор доранд, ки дар як сол 3 миллион метри мураббаъ маснуоти гилӣ, яъне сафолак, 3 миллиону 500 ҳазор метри мукааб маснуоти сафолӣ (серанит), 200 ҳазор метри мукааб хишти сабук (газоблок) ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол намояд.

Истихроҷу коркарди оҳаксанг дар корхонаи алоҳида, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд мегардад, роҳандозӣ мешавад. Коргоҳи истеҳсоли оҳаксанг дар масоҳати 4 гектар замин дар назди кони оҳаксанг бунёд ёфта, барои роҳандозии сикли пурраи истеҳсолот ва истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.   

Иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Сантайлс” бунёд мегардад. Пас аз сохта ба истифода додани корхонаҳои мазкур дар маҷмӯъ дар 2 баст зиёда аз 520 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд гашт.

Ҳамчунин бо бунёди корхонаҳо дар мамлакат истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ ва хишти сабук роҳандозӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли оҳак дар кишвар ба таври назаррас бештар хоҳад шуд.

Маҳсулоте, ки дар оянда дар ин корхонаҳо истеҳсол мегардад, ивазкунандаи воридот мебошад. Дар ҳоле, ки дар мамлакат корҳои сохтмонӣ дар авҷ аст, талабот ба чунин маҳсулот дар дохил хеле зиёд мегардад.

Тибқи лоиҳа, содироти тамоми номгӯи маҳсулоти корхона дар оянда дар назар дошта шудааст.

Бояд қайд кард, ки корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва истеҳсоли оҳак асосан дар асоси ашёи хоми ватанӣ, ки аз конҳои фоиданоки кишвар истихроҷу дастрас карда мешавад, фаъолият менамояд.            

Корхонаҳо ба хотири татбиқи нақшаҳои панҷсолаи рушди саноат бунёд гардида, сохта ба истифода додани он ба ворид гардидани техникаву технологияи муосир ба кишвар, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзун шудани иқтидори содиротии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин ин иқдом ба коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз канданиҳои фоиданоки табиии кишвар замина мегузорад.

Зимни муаррифӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саривақт бунёд намудани корхонаҳои мазкур ва роҳандозии фаъолияти он дар асоси муосиртарин технологияи пешқадами ҷаҳонӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram