РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон: «Шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба замони то истиқлол чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст»

Имрӯз зимни суханронӣ дар Дарси сулҳ ба муносибати Рӯзи дониш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки илова ба ҳазорҳо муассисаи таълимие, ки то имрӯз бунёду навсозӣ гардидаанд, шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба замони то истиқлол чор баробар ва донишҷӯён се баробар афзудааст.

Савари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки баъзе таҳлилгарон корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардидаро нодида мегиранд. «Онҳо фаромӯш намудаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид. Афзоиши аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф таъсир мерасонад. Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад», -хотиррасон намуданд Президенти Тоҷикистон.

Ба таъкиди Пешвои миллат, раванди бунёд намудани то 200 муассисаи таълимӣ дар як сол, ки ҳамасола амалӣ шуда истодааст, кори саҳлу осон нест.

«Як нуктаи муҳимро фаромӯш набояд намуд, ки мо бо сабабҳои ба ҳама маълум фақат аз соли 2000-ум имконият пайдо намудем, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бартарафсозии мушкилоти соҳаи маориф машғул шавем», -илова намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram