РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҷлил шуд

7 сентябри соли 2023 ба ифтихори 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Чорабинии тантанавиро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.

Ӯ дар суханронии худ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаю прагматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар  дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судмандро бо давлатҳои ҷаҳон барқарор кард, балки бо  татбиқи дипломатияи  хосси худ, ки ба ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ба ҳайси як кишвари фаъол, ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шуд.

Инчунин зимни чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба кормандони Вазорат аз номи Роҳбари Олии кишвар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд. 

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ кабул шуданд, баргузор гардид. 

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram