Имрӯз дар Кохи Сомон таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Вазирони корҳои хориҷӣ тарҳи рӯзномаи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва феҳристи асноди ниҳоии онро баррасӣ ва мувофиқа карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ омодагии кишварҳои минтақаро ба ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъкид кард. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлатҳои минтақа ҳамеша аз хоҳиши муштарак ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, пешбурди ташаббусҳои муштарак дар ҳалли мушкилоти мавҷуда, инчунин барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо саъй мекунанд.
С. Муҳриддин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастгирӣ дар давраи раёсати ҷумҳурии мо дар механизми Ҷаласаҳои машваратӣ дар солҳои 2022-2023, аз ҷумла баргузории 16 чорабинии паҳлӯӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши сарони Душанбе ба Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Вазирон якдилона бар ин назар буданд, ки ҳамкории доимӣ ва манфиатдор оид ба доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз гарави расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштараки кишварҳои бародарии Осиёи Марказӣ мебошад.
Тавре ҳамкорам Машраби Холмаҳмад илова кард дар ҷаласа матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) баргузор мегарданд.
Машраби Холмаҳмад, радиои Тоҷикистон