РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид

14 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат доир шуда, сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои мамлакатҳои минтақаро баррасӣ намуда, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа мавриди назар қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни Вохӯрӣ — Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказӣ пайваста ва босубот ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин кӯшишҳо баҳравар мегарданд.

Асоси вохӯриҳои машваратии моро муколамаи боварибахш, ошкоро, созанда, инчунин ҳалли мувофиқашудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки давоми панҷ соли сипаришуда давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин аз бебозгаштии раванди табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи устувор, аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққинамуда ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки вохӯрии ҷашнии машваратии имрӯза боз як тасдиқи иродаи қавии сиёсии давлатҳо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати халқҳои бародар хоҳад буд.

Тоҷикистон ташаббускори дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳо бо кумаки кишварҳои минтақа баргузор намудани як силсила чорабиниҳои рӯзмарра гардид.

Дар рафти омодагӣ ба вохӯрии навбатӣ қариб панҷоҳ чорабинӣ доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо — дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаҳои таъмини суботи минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар чунин шароит мо бояд якҷо ва дар ҳамдастӣ кор намоем.

«Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили бехатарӣ шарти муҳимтарини бомуваффақият ба амал баровардани нақшаву иқдомҳои созандаи мо аст», — изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва инфрасохтор, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, барои таъмини амният дар фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ таъсис додани Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сарони давлатҳо барои дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон дар давраи раёсат изҳор сипос намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи баргузории Вохӯрии навбатии шашуми машваратӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барору комёбӣ орзу намуданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суханронӣ намуда, ба ҷониби Тоҷикистон ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҳамоиш ва натиҷаҳои кори мамлакати мо дар давраи раёсат баҳои баланд доданд ва барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Баъди суханронии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо навори видеоӣ муроҷиат намуд.

Дар кори ҳамоиш аз ҷониби Сарони давлатҳо Изҳороти муштарак аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин бо қарори Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ҷамъбаст намуда, бори дигар иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҳошияи кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ 2 санади навро имзо намуданд:

— Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ;

— Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон.

Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз рӯи натиҷаҳои кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷ бо изҳорот баромад намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram