РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуданд, ки иштироки Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни ду давлат хоҳад гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи татбиқи тавофуқоти зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон бадастомада, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram