РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат, инчунин масъалаҳое, ки ба рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ворид гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои байни давлатҳои мо дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд доранд ва изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода ба инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидати муассир хоҳад намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории давлатҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.

Ба ҷониби Узбекистон ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳори сипос намуда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Президентҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram