Шоми 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — иштирокчиёни Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар деҳкадаи Бӯстонсарои ҳукуматӣ маҳфили «Шоми дӯстӣ» барпо намуданд.
Дар «Шоми дӯстӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, бо намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо шинос шуданд.
Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табии давлати мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом бисёр писанд омад.
Дар роҳравҳои алоҳида ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун пешкаш гардид.
«Шоми дӯстӣ» барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бисёр писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони ҷумҳурии мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.