Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав» доир гардид, ки дар он намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, роҳбарон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, намояндагону кишоварзону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»
Дар намоиш кишоварзони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, аз ҷумла намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили харбуза, тарбуз, каду, себ, ангур ва дигар меваву сабзавот, инчунин намудҳои гуногуни оши палов ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ифодагари ҷашн мебошанд, пешниҳоди меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд.
Ҳамзамон дар ҷашнгоҳ манораҳои калонҳаҷм аз тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур, якчанд адад манораҳои хурд аз меваҳои гуногун, аз қабили нок, себ ва ангур, хаймаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда буданд, ки манзури тамошобинон гардиданд.
Инчунин дар намоиш якчанд дег барои пухтани оши палов вобаста ба намуд ва минтақа гузошта шуда буд. Ошпазони моҳири тоҷик зимни пухтани намудҳои гуногуни оши палав тамоми санъати таббохии худро истифода намудаанд, ки бо дидани он сокинону меҳмонон ба ваҷд меомаданд.
Бояд гуфт, ки намоишҳои болозикр бо мақсади таъмини иҷрои баргузории ҷадвали фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, доир гардиданд.
Намоиш бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки дар фарҷоми «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палав» аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба кишоварзони фаъол аз рӯи номинатсияҳо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.