Шуруъ аз моҳи январи соли 2024 ба муддати се сол Раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад. Дар ин хусус раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар брифинге, ки дар Душанбе доир шуд, ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарони давлатҳои муассиси фонд баргузор гардида, дар он маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, хусусан натиҷаҳои раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фонд, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии фонд баррасӣ гардида, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайян шуданд.
Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкории давлатҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои обу экология нақши муасссир дошта, дар доираи фаъолияти фонд натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондан, густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал якчанд қарорҳои муҳим қабул гардиданд. Аз ҷумла, Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси нозир пазируфта шуд, ки ин бозгӯи мақоми баланд доштани фонд аст.
Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 бо ташаббуси давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал таъсис дода шудааст.