Масъалаи дигари экологӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бо зиёд шудани аҳолии сайёра ҷамъшавии зиёди партовҳои истеҳсолию истеьмолӣ дар ҳудуди кишварҳо мебошад, ки андешидани тадбирҳои саривақтиро тақозо дорад.
Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, дар доираи фаъолияти Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ) дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии муомилот бо партовҳо таьсис дода шавад.
Ташкили Маркази минтақавии идоракунии партовҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва ташкили шароити зарурӣ барои танзими идоракунии партовҳо, баланд бардоштани муомилоти иқтисодӣ ҳамчун ашёи хоми такрористеҳсолкунӣ бо дастгирии вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, донорҳои маблағгузор ва ҷалб намудани онҳо мебошад.
Ҳадафи асосии ташкили ин Маркази минтақавӣ коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон, ҳамкории муштарак ба нафъи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои муосир, гузариш ба иқтисоди сабз, манфиатҳои иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгири кардани ифлосшавии муҳити зист, кам кардани ҳосилшавии партовҳо, барои истеҳсоли молҳои рӯзгор ҳамчун ашёи хом истифода бурдани партовҳо.
Мақсади асосии ташкили Маркази минтақавии идоракунии партовҳои Осиёи Марказ ин коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон, ташкили механизми ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузорӣ, муайян кардани мушкилоти мавҷудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо ва коркарди партовҳо тавассути ташаккули механизмҳои самараноки ҳамкории минтақавӣ, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Вазифаҳои ташкили Маркази минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии партовҳо, таҳкими иқтидори Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Осиёи Марказӣ ва сохторҳои он, ҳамкории мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо ҷиҳати ҷалби маблағ аз донорҳо, бахши хусусӣ ва дигар кишварҳои дахлдор мебошад.
Натиҷаи интизории Маркази минтақавӣ дар он сурат ташкил хоҳад шуд, ки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти коркард ва коркарди партовҳо саҳм гузоранд. Якҷоя бо Комиссияи байнидавлатии рушди устувории Осиёи Марказӣ донорҳо барои татбиқи лоиҳаҳои идоракунии партовҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб карда мешаванд.
Умедворем фаъолияти Маркази мазкур ба ҳалли масъалаҳои мавҷудаи марбут ба партовҳо дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҷалби сармогузории хориҷӣ ва бахши хусусӣ мусоидат хохад кард.