РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 30 сентябр ба анҷом мерасад

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» идома дорад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Довталабон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ баромад менамоянд.

Даври ниҳоии озмун аз 25 то 30 сентябр идома ёфта,  маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмун 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram