РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.

Вазъи корҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, аз ҷумла ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд.

Роҳбари давлат доир ба масъалаҳои гуфташуда ба иштирокдорони машварат ва роҳбарони дигар сохтору мақомот супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва муташаккилона гузаронидани он, инчунин бо сару либос ва озуқаворӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро махсус таъкид намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram