Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи ин қарор, ба иштирокчиёни Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, барои ишғоли ҷойи якум — манзили истиқоматии сеҳуҷрадор, ҷои дуюм — манзили истиқоматии дуҳуҷрадор ва ҷойи сеюм — манзили истиқоматии якҳуҷрадор аз ҳисоби моликияти коммуналии шаҳри Душанбе тариқи ройгон ҳамчун моликияти хусусӣ дода мешавад.
Мақсад аз он ҳавасманд гардонидани варзишгарон ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ва рушди варзиш дар мамлакат мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи фонди манзил»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо муваззаф намудаанд, ки ба ғолибон манзилномаи «Манзили шахсӣ»-ро таъмин намояд.