РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд

29 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, муносибатҳо ва сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия, ки бо саъю талоши Роҳбарони ду давлат бемайлон рушд доранд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки байни ду давлат ҳамкории устувор дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, робитаҳои байналмилаливу байниминтақавӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тавсеа меёбанд.

Дар ин зимн, нақши робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоя, инноватсия ва технологияҳои нав, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ки аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, андешаронӣ намуда, дар ин раванд нақши калидии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро таъкид намуданд.

Вобаста ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкории фаъоли тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Федератсияи Русия, инчунин ҳавасмандии шаҳрдории пойтахт ҷиҳати рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷонибаи байни пойтахтҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram