РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Савазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд

Имрӯз Савазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, ки ҷиҳати иштирок дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт ва фарҳангию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ба нақши музокироту вохӯриҳо ва сафарҳои расмию кории сатҳи баланди олӣ дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси дӯстию ҳампаймонии сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев пайваста амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд доданд.

Мусоҳибон ҷиҳати фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳори омодагию ҳавасмандии зиёд намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram