2-юми октябри соли 2023 бо ибтикори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Дурнамои рушди забони давлатӣ” баргузор шуд, ки дар он устодони ҳамаи кафедраҳои факултет ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Декани факултети мазкур дотсент Шодиев Рустам Азизуллоевич Мизи мудавварро ифтитоҳ намуд. Ӯ роҷеъ ба аҳаммияти масъалаи мавриди баррасӣ мулоҳиза ронда, саҳми бевоситаи устоди факултет, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзодаро дар таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба забони тоҷикӣ дар кишвар зикр карданд.
Масъалаи асосии Мизи мудаввар роҳҳои ҳифзи асолат ва равонии забони тоҷикӣ, раҳоӣ аз унсурҳои бегона ва пешгирии тарҷумаҳои нодурусти мафҳумҳо дар номгузорӣ ва риояи дурусти қоидаҳои имло равона гардида буд. Ҳамчунин равобити байниҳамии забонҳои арабӣ, русӣ ва тоҷикӣ ва ҷанбаҳои мусбату манфии ин равобит, масъалаи таҳияи фарҳангномаҳо ба забони тоҷикӣ баррасӣ шуданд.
Сипас дар атрофи масъалаи мавриди назар баҳсу мубодилаи забоншиносон аз ҷумла номзади илми филология Сайфиддин Мирзоев, дотсент Азим Байзоев ва дотсент Дӯстзода Ҳамроҳхон сурат гирифт.
Дар хотима мудири кафедраи филологияи Эрон, дотсент Қосимов Ҷумъахон изҳори андеша карда, таъкид карданд, ки: “Забони тоҷикӣ дар шароити имрӯзӣ низ метавонад забони сиёсат, ҳикмат, фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, забони дониш бошад ва дар таҳаввули андешаи миллӣ ва бедории фарҳангии ҷомеа таъсири амиқ гузорад.»