РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат маҳфили «Маснавихонӣ» доир шуд

2 октябри соли 2023 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода маҳфили эҷодии шеъру суруди «Маснавихонӣ» бахшида ба рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора аз ДДФСТ хабар доданд.

Ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва вобаста ба ҳаёту эҷодиёти Мавлоно ибрози андеша кард.

Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Орифӣ Озар Баҳромзода иштирокдоронро аз номи роҳбарияти вазорат бо ин санаҳои фархунда табрику шодбош намуда, вобаста ба ҳаёту фаъолият ва осори пурғановати Мавлоно Балхӣ, таваҷҷӯҳу ҳидоятҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар самти рушду тақвияти забони давлатӣ дар байни ҷомеа ва гиромидошту эҳтироми ин муқаддасоти миллӣ андешаронӣ намуд.

Сипас, омӯзгорони донишкада Иззатзода Зулайхо дар мавзӯи «Тарбият ва омӯзиш аз манзари омӯзаҳои ахлоқии Маснавӣ» ва Наимова Фарзона дар мавзӯи «Эҷодиёти Мавлоно ва шахсияти ӯ аз назари уламои Аврупо» маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни донишкада композитсияи адабӣ — мусиқии «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст», сурудҳои дилошӯб аз ашъори Мавлоно дар иҷрои ҳофизи халқии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарипов, овозхонон Сафармуроди Гулмурод, Саидвалӣ Тоиров, Ифтихор Дамдоров ва аз тарафи ансамбли «Бунафша» таҳти роҳбарии мудири кафедраи хореография Музаффар Искандаров рақси само пешкаш карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram