РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияҳои Рашту Лахш дар мавзуи “Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо” машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар” дар китобхонаҳои оммавӣ ва бачагонаи ноҳияҳои Рашт ва Лахш семинар-тренингҳо дар мавзуи “Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо” баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар” хабар доданд.

Зимни баргузории семинар-тренингҳо директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар Сафарзода Ҳусайн ва гуруҳи кормандони муассиса аз фаъолияти китобхонаҳои ноҳияҳои зикршуда, тарзи корбарӣ бо муштариён ошноӣ пайдо намуда, суҳбатҳои гарму самимӣ бо кормандони китобхонаҳо доир намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Рашт як китобхонаи оммавӣ, як китобхонаи бачагона ва 41 филиалкитобхонаҳо дар ҷамоату деҳкадаҳо барои кӯдакону наврасон ва сокинон фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, бо иштироки хонандагони китобхонаҳо маҳфили “Мавлавихонӣ” баргузор гардид, ки иштирокчиён бо муҳаббату самимияти беандоза баромади наврасонро тамошо карданд.

Хонандагон аз ашъори пурғановати шоири нотакрору нобиғаи назми классикии тоҷику форс Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шуру шавқи хоса ғазалсароӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram