РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат бахшида ба рӯзи таъсисёбии Телевизиони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид

Имрӯз дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи таъсисёбии Телевизиони Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Ҳолат ва мушкилоти таълими фанни журналистикаи соҳавии телевизион ва технологияҳои иноватсионии таълим” баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбатияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, муҳаққиқони соҳа ва донишҷӯён иштирок карданд.

Муҳаққиқони соҳа дар бораи таълими фанни журналистикаи соҳавии телевизион ва технологияҳои иноватсионии таълим, рушди телевизион дар Тоҷикистон, жанрҳои нави телевизионӣ ва дигар ҷанбаҳои кори телевизион маърузаҳои илмӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки таҳсилоти журналистӣ дар ҷумҳурии мо таърихи 64-сола дорад. Соли 1966 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Университети давлатии Тоҷикистон) шуъбаи журналистика таъсис ёфт. Фаъолияти ин шуъба то соли 1971 идома дошт ва сипас бинобар дар фењристи ихтисосњои барои Тоҷикистон иљозатдодаи Вазорати маълумоти олии Иттиҳоди шўравӣ мављуд набуданаш (яъне асноди таъсиси ин шуъба расмӣ нашуда будааст), баста шуд. Сипас соли 1987 бо талошњои як гурўҳ устодон шуъбаи журналистика аз нав таъсис ёфт. Соли 1992 бо шарофати истиқлолият дар заминаи ин шуъба ва гурўҳи тарҷумонӣ факултаи журналистика ва тарҷумонӣ таъсис ёфт, ки соли 2007 бо пешниҳоди Вазорати маориф факултаи журналистика номгузорӣ шуд.

Баъди фароњам омадани фазои сулњу субот шуъбањои журналистика дар муассисањои тањсилоти олӣ зиёд шуданд.

Ҳамчунин, бо ибтикори роњбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ дар назди Кумита ва студияи таълимии телевизион ва радио таъсис дода шуд, ки барои бењтар шудани сифати тањсилоти журналистӣ мусоидат хоњад кард.

“ҶП”

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram