РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» мавриди истифтода қарор гирифтанд

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» ба истифода супорида шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи «Ватан» дар масоҳати умумии бино 580 метри мураббаъ сохта шудааст. Бинои меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300м2 анҷом дода шудаанд.

Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якум ва тагхона мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва таҷҳизотҳои маишӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисмати болои бино меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст.

Бунёд шудани меҳмонхона бо ташкил намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва тагхона зиёда аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram