Ҳамоиши мазкур дар доираи нақша — чорабиниҳои Кумитаи марказии Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ доир гардида, дар кори он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, дигар меҳмонони расмӣ, занону бонувони фаъоли вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Дар ҳамоиш оид ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Раиси муаззами Ҳизби халқи демократии Тоҷкистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувони мамлакат дар зарфи 32 соли замони соҳибистиқлолии кишвар табодули назар карда шуд.
Нахуст, ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти дастӣ ва корхонаҳои саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзанони бо гранти Президенти фаъолияткунанда тавлид шудааст, дидан намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда тавсияҳои судманд доданд.
Зимни дидан намудан аз намоишгоҳ таъкид гардид, ки маҳз бо муҳайё гардидани шароит барои бонувону занони хонашин, имрӯзҳо дар ҳар як ноҳияи вилоят ва шаҳри Хоруғ коргоҳҳои хурду бузург таъсис дода шуда, дар коҳиши сатҳи бекорӣ нақши муассир доранд. Ҳиссаи бонувони соҳибкор ҳоло дар кушодани сехҳои дӯзандагӣ, меҳмонхонаи замонавӣ, дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, занбури асалпарварӣ, боғдорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва меваву сабзавот, бунёди коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бориз аст.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аснои суханронӣ дар мавриди сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ёдоварӣ намуда, аз мавқеи баланди бонувон дар роҳи расидан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ сухан кард.
Қайд шуд, ки бонувони тоҷик, бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар заминаи сиёсати оқилона, дурандешона ва ғамхоронаи Роҳбари давлат, соҳиби он мақому манзалате гаштанд, ки ҳатто дар асри 21, ки асри пешрафти илму технология ва санъату ҳунар аст, дар бисёре аз кишварҳо, аз он ҷумла, аз лиҳози иқтисод пешрафта низ, бонувон дорои чунин имтиёзу афзалият нестанд.
Маҳз дар заминаи чунини сиёсати хирадмандона таҳкурсии ҳуқуқию иҷтимоии фаъолияти бонувон гузошта ва мустаҳкам гардида, саҳми онҳо дар ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ бамаротиб боло бардошта шудааст.
Дар сатҳи давлатдорӣ мақоми ваколатдор оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ бобати таъмини ҳуқуқ ва тавсеаи фаъолияти бонувон таъсис ёфта, намояндагони қишри, ба истилоҳ латифи ҷомеъа, мансабҳои баланди сиёсию маъмуриро бар зимма дошта, алалхусус, дар соҳаи иҷтимоӣ давлату ҷамъият нисфи вазифаҳои масъулиятнокро ба бонувон бовар кардаанд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худоберди аз ниятҳои бади қувваҳои зиддидавлатию зиддимиллӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта мехостанд, ҳокимиятро дар Тоҷикистон ғасб намоянд, ёдовар шуда, гуфт, ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ фарзонафарзандони миллат, таҳти роҳбарию роҳнамоии Пешвои ҷасуру ватандӯсти миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ниятҳои нопоки душманонро барбод дода, бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдат дар кишвар, бонувонро ва умуман ҷамъиятро аз оқибати фоҷиабори ифротгароӣ раҳо бахшиданд.
Бо ифтихор бояд хотиррасон намуд, ки худи бонувони соҳибмаърифат ва соҳибиродаи мо низ ҳадафҳои ғаразноки бадбинони миллатро дарк намуда, ба дифоъи сохти конститутсионӣ ва суботи иҷтимоию волоияти қонун садо баланд намуданд.
Дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе, ки маркази асосии бархӯрди қувваҳо ба ҳисоб мерафт, бонувони миллатдӯст гурӯҳҳои ташаббускорро таъсис дода, бо қувваҳои даргир, аз он ҷумла, ғайриқонуние, ки силоҳ дар даст доштанд, вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, онҳоро ба халъи силоҳ ва риояи тартибот даъват менамуданд.
-Аз ин рӯ, — зикр кард раиси вилоят — бонувони фаъоли тоҷик аз рӯзи нахустини ба сар қудрат омадани Ҳукумати конститутсионӣ бо сарварии Пешвои сулҳовару сулҳофари тоҷик, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсати дурандешона, сулҳпарварона ва созандаи ин шахсияти таърихӣ ҷамъ омада, барои истиқрори сулҳу субот ва таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ, дар радифи мардони миллатдӯсту ватанпарвар, саъйю талош варзиданд.
Раиси вилоят аз нақши бонувони ВМКБ дар таъмини сулҳу суботи минтақа ёдовар шуда, барои дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти таъмини фазои орому осуда ва тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ миннадории самимӣ баён намуд.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ роҷеъ ба мавзуи «Тақвияти нақши занон дар ҷомеа яке аз самтҳои калидии фаъолияти ҲХДТ» баромад намуда, аз нақши занону бонувон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ изҳори назар намуд.
Қайд гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ, Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди фаъолияти бонувон, густаришу ташаккул ва такомули маънавии онҳо заминаҳои мусоид ва созгорро фароҳам оварда, имкониятҳои рушдро барои ин табақаи ҷомеа фароҳам сохтаанд. Марҳила ба марҳила барои таҳкими фаъолияти бобарори занону бонувони мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар силсила санадҳои меъёриву қонунӣ имтиёзҳои зиёде муқаррар гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар заминаи амалишавии барномаҳои давлатӣ давоми солҳои охир беш аз 147 ҳазор нафар бонувон ба таҳсилоти касбӣ, 77 ҳазор занон дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо ба кор ҷалб гардиданд.
Имрӯз бонуи тоҷик ба сифати аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумон, ҳамчун намояндаи мақомоти Судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартиботмасъулияти идоркуниро ба дӯш дошта дар баробари сиёсатмадор, вакил, омӯзгору табиб, муҳандису бинокор ва дар дигар вазифаҳои пурмасъул кор ва фаъолият менамояд.
Дар идомаи ҳамоиш, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмамадова низ аз сиёсати оқилонаву дурбинонаи Сарвари давлат дар татбиқи ҳадафҳои неку созанда ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста, бо ҷалби занону бонувон сухан намуд.
Дар идома ҳамсафони ҲХДТ дар ВМКБ, омӯзгорони муасисаҳои таълимӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҳизбӣ, соҳибкорони инфиродӣ вобаста ба нақши ҷавондухтарону занон дар роҳи таълиму тарбия, ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои гуноугни бонкӣ ва равнаки ҳунарҳои мардумӣ маърӯза намуданд.
Раиси Кумитаи Иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Зунайда Раҷабова муроҷиатномаи ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Тараннуми Ваҳдат дар Боми ҷаҳон”-ро қироат намуд.
Ба бархе аз фаъолони ҳизб ва донишҷӯён дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва шаҳодатнома ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертиро, ки фарогири сурудҳои васфи Ваҳдату Истиқлолият буд манзури меҳмонон намуданд.