РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таълимӣ ва маркази саломатиро ба истифода дод

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таълимӣ ва маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир шудааст. Дар муассиса 653 хонанда, аз ҷумла 353 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 45 нафарро ташкил медиҳад.

Дар муассиса 13 синфхона мавҷуд буда, айни замон сохтмони 5 синфхонаи дигар ба анҷом расонида шуд. Панҷ синфхонаи иловагии таълимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба тариқи ҳашар сохта шудаанд.


Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии хусусии «Рустам» дар деҳаи Узуни Ҷамоати деҳоти Золи Зар ҷойгир шудааст. Марказ сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Эмомалӣ Раҷабзода бунёд гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram