РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуд

3 октябр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, инчунин ду бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Сохтмони бинои маъмурии кумита соли 2019 оғоз гардида, дар масоҳати умумии 300 метри мураббаъ сохта шудааст. Фармоишгар ва маблағгузори иншооти мазкур Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.


Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ёдовари аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, кормандону мутахассисони соҳаро ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон, таъмини истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захира намудани маводи гизоӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок вазифадор намуд.

Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 13 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мебошад.

Инчунин дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир карда шудааст. Саҳни ҳавлӣ ва роҳравҳои атрофи бино дар масоҳати 32 метри мураббаъ сафолакпӯш ва дар масоҳати 400 метри мураббаъ бетонпӯш шудаанд.

Дар идомаи сафари кори Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 23 ва № 50 ифтитоҳ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram