Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Абдусолеҳ» ва «Ҳоҷидавлат»-и ноҳияи Кӯшониён шинос гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Абдусолеҳ» дорои як гектар замини корами обӣ буда, дар он гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудаанд.
Хоҷагидорон дар кишти аввал кишту парвариши бодирингро ба роҳ монда, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникаи парвариш тавонистанд 370 сентнер ҳосили хушсифати ин намуди сабзавотро ба даст оранд.
Ҷамъоварии ҳосили фаровону хушсифати бодирингро аз моҳи март шуруъ намуда, то моҳи июн дар баробари бозорҳои ноҳия ҳамзамон дар фаровонии бозори дигар минтақаҳои мамлакат низ ҳиссагузорӣ намудаанд.
Дар кишти такрорӣ хоҷагидорон кишту парвариши помидори навъи «Замира»-ро ба роҳ монда, аллакай аз аввалҳои моҳи сентябр ба ҷамъоварии ҳосили фаровону хушсифати он машғул мебошанд.
Тавре мушоҳида мегардад, натиҷаҳои заҳмати кишоварзон самараи дилхоҳ ба бор меорад, зеро ҳосили онро то охири сол ҷамъоварӣ намуда, ба бозор пешниҳод менамоянд. Онҳо парвариши зироатро дар гармхонаи доимамалкунанда бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда, ин шакли корро аз бисёр ҷиҳат барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳи меҳнатӣ муфид арзёбӣ менамоянд.
Зеро ин усул имкон медиҳад, ки дар баробари сарфаи об ҳамзамон коркарди байни қаторӣ низ кам карда шуда, инчунин ғизодиҳи низ тавассути он ба роҳ монда шавад.
Масоҳати хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷидавлат» 3,3 гектаро ташкил медиҳад. Дар хоҷагии мазкур аз соли 2022 дар майдони 1,5 гектар гармхонаи доимамалкунанда бунёд шуда, дар он бо инобати талаботи бозор кишту парвариши сабзавоти гуногун, бахусус помидор ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагидорон парвариши навъи тухмии ба иқлими минтақа мутобиқи «Замира»-ро ба роҳ монда, дар натиҷаи коркарди саривақтии агротехникаи парвариш тавонистанд ҳосили фаровону хушсифати онро ба даст оранд.