Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Ҷамъомади тантанавиро бо суханронии муқаддимавӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. оғоз кард ва ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамар баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно кард.
Қайд гардид, ки дар устувор гардонидани забони давлатӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста мебошад.
Инчунин дар чорабинии мазкур сармутахассисони раёсатҳои рушди иҷтимоӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ, Хушвахтов Аҳад ва Норасова Мунаввара баромад намуда, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният намуда, оид ба аҳамияти забони давлатӣ дар давлатдории миллӣ, рушди илму фарҳанг ва муҳимияти забони давлатӣ баромад намуданд.
Лозим ба қайд аст, ки дар чорабини мазкур аз ҷониби роҳбарият таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчиёни давлатӣ дар самти тозаву пок нигоҳ доштани забони давлатӣ ва расонидани он ба наслҳои оянда вазифадор мебошад.