РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар бинои Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон гӯшаи фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 5 октябри соли 2023 дар бинои Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон маросими ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Темирбек Каппасов ва муовини сардори Раёсати сиёсати дохилии ҳукумати шаҳри Остона Ляззат Кусайнова суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ корпуси дипломатии муқими Қазоқистон ва намояндагони диаспораи тоҷик ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ Сафири кишвар Х. Ибодзода оид ба эҳё, рушд ва шукуфоии мероси фарҳангии тоҷикон суханронӣ намуда, ҳамчунин қайд намуд, ки ҳадаф аз таъсиси гӯшаи мазкур шиносоӣ бо фарҳанги мардуми тоҷик, расму ойин, анъана ва асбобҳои мусиқӣ мебошад.

Дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Остона сузанӣ, созҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ аз атлас, гулдузӣ, чакан, чӯбҳои кандакорӣ, расмҳои манзараҳои Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram