РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Беларус оғоз шуд

Дар санаи таърихиву хотирмон – Рӯзи забони давлатӣ дар доираи ҳамкориҳо Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус қисмати ифтитоҳии форум сурат гирифт, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сафирии фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро иштирок намуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар кори Форум 75 ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус иштирок доранд.

Форуми мазкур давоми ду рӯз идома намуда, баргузории он дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. низ иштирок ва суханронӣ менамояд.

Қобили қайд аст, ки Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус моҳи октябри соли 2022 дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram