Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии «Росатом» Николай Спасскийро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти мат
Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои миёни давлатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳамкориҳо сол аз сол тавсеа ёфта истодааст.
Раиси вилоят маълумот дод, ки дар вилояти Суғд шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, бо ҷалби сармоягузорони рус дар бахшҳои мухталиф ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар бораи захираву имконоти вилоят дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ ба меҳмонон иттилоъ пешниҳод гардида, омодагии вилоят барои густариши робитаҳо баён гардид.
Таъкид карда шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии «Росатом» лоиҳаи рӯйпӯшкунӣ ва безараргардонии мавзеи саноатии «Табошар» татбиқ гардида, барои иҷрои корҳо 300 нафар мутахассисон аз Россия ва Тоҷикистон ҷалб гардиданд.
Муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии «Росатом» Николай Спасский дар зимн изҳор дошт, ки «Росатом» омода аст дар самти гузаронидани корҳои геологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар оянда низ ҳамкорӣ намояд.